Вуҷӯдамро на аз оташ , на аз гул парвариш доданд
Саропоем зи нури ишқ чун дил парвариш доданд
Манеҳ бар синаи доғи ишқ , дар берун чаро сӯзӣ
Чароғӣ каз барои хилвати дил парвариш доданд
Ба ёди шуълаи доим чун дили парвона дар ҷӯшам
намедонам чаро таркибам аз гул парвариш доданд
Мақоми Лайлиаш дар каъбаи дил буд , ҳайронам
Ки маҷнӯнро чаро бар завқи маҳмил парвариш доданд
Гуҳии фонӯси дайрам , гуҳи чароғи каъба , каз меҳрат
Чу моҳи нави марои манзил ба манзил парвариш доданд
Муҳаббат аз паии дили баради қудсиро ба саҳройӣ
Ки хокашро ба хӯни сайди бсмл парвариш доданд