То парда аз рахт ба кашӣдан наме расад

Субҳи нишоти мо ба дамӣдан наме расад

Дар боғ , дасти боди хазони бас ки шуд дароз

Домони гули зи шох , ба чидан наме расад

Ғавғои мо баланду зи кӯтоҳи фитратӣ

То боми осмон ба паридан наме расад

Шодами зи лоғарӣ , ки чу бсмл кунад маро

Хӯнами зи ханҷараш ба чакидан наме расад

Эмин буд зи чашми бидонадяш , он парӣ

Чашми бад аз пайаш ба паридан наме расад

{и баёзи }

Аз гиря , кори дида ба дидан наме расад

Розӣ ба дода бош , ки малик қаноат аст

Ҷое ки обрӯ ба чакидан наме расад

Тангаст бас ки айши ҳарифони анҷуман

Хӯн аз лаби қадаҳ ба макидан наме расад

Шавқи либоси каъба чу урён кунад маро

Завқӣ ба завқи роҳ баридан наме расад

Ширин намешавад лаб умедворӣ ам

Шаҳди умеди ман ба чашедан наме расад

Ҷузи бихўдӣ насиб надорад сиришки ман

Симобро ба ғайр тапидан наме расад

Аъзои ман зи кор чунон шуд , ки пеши дӯст

Ангушти ҳайратам ба гузидан наме расад

Аз нолаам ки гӯши ҷаҳонӣ азон караст

Дар ҳайратам , ки чун ба шунидан намерасад ?

Қудсӣ чу ғунчаи тнгдлм , зонка ҳамчуи гул

Ҷайбами зи порагӣ ба даридан наме расад