Дилами зи каъба на маҳмил нишаста ме ояд

Ба дайри рафтау зуннор баста ме ояд

Агар ба кӯии ту то ҳашар гӯш андозанд

Садои шишаи аҳд шикаста ме ояд

Насими боғи муҳаббати магари вазид , ки боз

Ба дасти дил , гули ғами даста даста ме ояд

эй ишқаму парвоз гулшанӣ дорам

Ки мурғи сидра дар ӯ ҷуста ҷуста ме ояд

Рақибро набӯд баҳрае зи захм батон

Ки тири ишқ ба дилҳои хаста ме ояд

зи дарди ҳиҷри чунон длшкстаҳам қудсӣ

Ки номи дил ба забонам шикаста ме ояд