Гар дил ба алмҳои ту мансӯб набошад
Дар сина агар ҷои даҳумаш , хуб набошад
Ширин нашавад коми ҳарифӣ ки дарин базм
Паймонаи каши сабр , чу Айюб набошад
Дар синаи ғами ишқи ту пинҳон натавон дошт
Чун акс ки дар оина маҳҷӯб набошад
Шояд мижае тар кунам аз шавқи ту , хоҳам
Ашкӣ ки кам аз гиря ёқӯб набошад
Дар синаи арбоби хирад , роҳи наёбад
Ҳар дил ки зи савдои ту маҷзӯб набошад
Бар лавҳи замири ту чунон ҳоли дили ман
Шуд нақш , ки гунҷоиш мактуб набошад
Ҳар гул , сабаби тозагии гулшан мо нест
Дар сина ба ҷузи доғи ту матлӯб набошад
Ҳарчанд ки булбул ба қафас гашта тасаллӣ
Омехтани гул ба сабо хуб набошад