Рафтам ба бӯстон ки дилам во шавад , нашуд
Гуфтам ки дарди ишқ мудово шавад , нашуд
Савдо ба шаҳру кӯй буд , не ба кӯҳу дашт
Маҷнӯн хаёл кард ки расво шавад , нашуд
Имрӯзи ғурбатам ба ҷазои амали расонад
Гуфтам магар ки ваъда ба фардо шавад , нашуд
Умрӣ чу нақши по ба сари кӯии интизор
Чашмам ба роҳ буд ки пайдо шавад , нашуд