Осеби воъизон ба аёғм наме расад

Аз бод , офатӣ ба чароғам наме расад

Аз бас ки боз мекунам аз кори дили гиреҳ

Нохун ба тоза кардан доғам наме расад

Гулшани пар аз гуласт , валикини зи ҳеҷ гул

Буии муҳаббатӣ ба димоғам наме расад

Ишқаст нахли миваи боғи дилам , азон

Даст касе ба мива боғам наме расад

Қудсии зи хайли гумшудагони муҳаббатам

Аз ҷустуҷӯ касе ба суроғам наме расад