Бе дарди ишқ , шодӣу ғамро чаҳ эътибор

Бе хоки даргаи ту қисмро чаҳ эътибор

Нақд сиришк медиҳадам дида дам бидам

Дар кӣсаи Карим , дирамро чаҳ эътибор

Дӯдии зи шуъла бас будам , доғ гӯ мабош

Ҳарҷо қаноатаст , карамро чаҳ эътибор

Мо тоҷи бахш хок нишинем , пеши мо

Ҷамро чаҳ қадару маснади ҷамро чаҳ эътибор

Бар бод рафт малики сулаймону ҳишматаш

ӣнҷои ғурури хайлу ҳашамро чаҳ эътибор

Гирам ки раҳи барад ба дили ошиқони ҳавас

Дар каъба фарз кун ки санамро чаҳ эътибор

Чун нақши пои з хок нишинон он дарем

Дар кӯии дӯст , маснади ҷамро чаҳ эътибор

Девонагон ба доғ фурӯд оваранд сар

ӣнҷои нигини хотами ҷамро чаҳ эътибор

Гар ошиқӣ , ба манзили мақсӯди роҳ бар

Қудсии баннои дайру ҳарамро чаҳ эътибор