Як нома чу нагушӯдаам аз боли кабӯтар
Дилро чаҳ фиребам ба хату холи кабӯтар ?
Ҳарҷо ки барад номаам аз маънии рангин
Ёд аз пар товус диҳад боли кабӯтар
Аз ҳоли дилу меҳнати ғурбат чаҳ нивисам ?
Дар панҷаи шоҳин чаҳ буд ҳоли кабӯтар
Худро ба ҷаноби ту расониди зи ман пеш
Шуд номаи ман боиси иқболи кабӯтар
Мактуби маро аз пар ӯ кас накушояд
Хотир чаҳ кунам шод ба ирсоли кабӯтар ?
Ояд ба асирони паии ҳам қосиди хубон
Пайваста вале тири зи дунболи кабӯтар
Ҳаргоҳ нивисам ба дарат нома чу қудсӣ
Рӯҳами пурд аз шавқи зи дунболи кабӯтар