Бегона гаштаам зи ҳамаи муддаои хеш
Дар ошнои бути ноошнои хеш
То барнадорам аз сари кӯй батон қадам
Афтодаам чу силсилаи доим ба пои хеш
Ҷое намондааст ки бихўд нарафта ам
Бо онкӣ барнадоштаам пои зи ҷои хеш
Як лаҳза бар муроди дили худ набӯда ам
Бо онкии сар натофтаам аз ризои хеш
Дармони дарди ишқи биҷузи дард ишқ нест
Бо дард ху гирифтам ва кардам давои хеш
Қудсӣ ба подшоҳ ва гадо нест ҳоҷатам
Ҳам подшоҳи хештанам , ҳам гадои хеш