Туу гашти чаман эй гул , ману кошонаи хеш
Хотирами сохта чун ҷғд ба вайронаи хеш
Гар қарорат набӯд паҳлавии ман ҷурм ту нест
Шуъла бе тоқатии омухти зи парвонаи хеш
Шукри он турра чаҳ гӯйем , ки ҳаргиз наниҳод
Миннати силсила бар гардани девонаи хеш
Қадамӣ ранҷа кун эй дӯст , ки чун мардуми чашм
Кардам ороста аз лухти ҷигар , хонаи хеш
Онкӣ бар зулфи худ аз ноз тағофул дорад
Мўбаҳ мӯ ёфта ҳоли дилам аз шонаи хеш
Ғарқи хӯн чун варақи лола буд авроқаш
Ҳар китобӣ ки кунам хутбааш афсонаи хеш
Нолаи хушки лабонро асарӣ ҳаст , азон
Қудсӣ ангушт занад бар лаби паймонаи хеш