Ҳастем бо ту бар сари аҳди қадими хеш
Мо гум накардаем раҳи мустақӣми хеш
Дар бихўдии зи ҷавр ту кардам шикоятӣ
Шармандаам басии зи гуноҳи азими хеш
Ҳаргиз ба бахти тира худ барнаёмадам
Кофар забун мабод ба дасти ғанӣами хеш
Гар дайр кард пурсиши мо ёр , айб нест
Бемори ишқ , ноз кашад аз ҳакими хеш
Шукри худо ки кӯии харобот манзил аст
Гар каъбаи раҳи надоди маро дар ҳарими хеш
Дар ҳайратам ки аз чаҳ марои кишти накҳаташ
Он гул ки мурда зинда кунад аз шамеми хеш
Аз мо мадори накҳати пероҳании дареғ
Гул кӣ кунад музоиқае дар насими хеш
Аз қурбу баъд , шукр ва шикоят наме кунам
Шастам дар об , дафтари умеду бими хеш
Зон тавба кардае ки шаробат наме диҳанд
Қудсӣ мабош ғарра ба нафаси салими хеш