Дӯш омад зи сафари мужда ки ёр омад пеш

Дида то фарш шудан , пой нигор омад пеш

намекашад шоҳиди мақсӯди зи рухсораи ниқоб

Дидаи гӯ бар сари кори ой , ки кор омад пеш

Ёр меояд ва ғам меравад эй мурғи чаман

Муждагонӣ ки хазон рафт ва баҳор омад пеш

Аз гуруҳе ки бар афлоки назар дӯхта анд

Ахтари саъд , якеро з ҳазор омад пеш

Чаҳ кунад шӯртаи азин беш ба дарёии умед

Киштӣам то ба миён рафт , канор омад пеш

Ҳасан май хост ки бо ишқ кунад муҳкам , аҳд

Шавқи гомии ду се аз баҳр қарор омад пеш

Корвонҳои азизон ба куҷо кард сафар ?

Чун азишон на пиёда на савор омад пеш ?

Базмро даври тараб гарна ба анҷом расед

Нафаси шиша май чун ба шумор омад пеш ?

Бе?илам нест дарин даври нишотии қудсӣ

Ҷом бар лаб чу гирифтем , хумор омад пеш