Сӯзам ҳамеша аз нафаси оташини хеш

Чун шамъ истодаам , аммо ба кини хеш

Зоҳир шавад зи дарди сари эксир созӣ ам

Сандал кунам зи бас ки тилло бар ҷабини хеш

Аз шавқи доманати ҳамаи тан даст гашта ам

Чун шамъ май кашами нафас аз остини хеш

Шӯҳрат ба тозаи сохтан доғ ёфта ам

Ҳаркас барои номи харошади нигини хеш

Рӯй турои ман аз ҳамаи каси пеш дида ам

Умедворам аз назари пеши байни хеш

Аз шарми онкии кӣна чаро пеша карда ам

Афшондаам гиреҳ чу арақ бар ҷабини хеш

Бо чаро ба меҳр наёрӣ шабӣ ба рӯз

Шояд зи рӯзгори бигиреми кини хеш

Малики дилам хароб нагардад , ки бе низо

Доғ тарош кашида ба зери нигини хеш

Гар остин ба дидаи расонами шаби фироқ

Дарёии хӯн равон кунам аз остини хеш

То баргузӣдаем туро аз ҷаҳонён

Як дам набастаем лаб аз офарини хеш

Дайн , дайни дилбарам буду куфр , куфри ишқ

Ҳаргиз надоштам хабар аз куфру дайни хеш