Тоза шуд бо шуъла дар базми ту паймонам чу шамъ
Шуд чароғи дидаи равшан то ба мижгонам чу шамъ
Бас ки гоҳи гиряи бихўди даст бар сар май занам
Оташи дил май ҷаҳд аз чашми гирёнам чу шамъ
Ашки хунинро зи мижгон гар наризам дам бидам
То каф поем дӯди оташи зи мижгонам чу шамъ
Ҳоли ман берун нишинон фалак ҳам ёфтанд
Зонка натавон дошт дар фонӯси пинҳонам чу шамъ
Аз заволи ман , камоли дӯст зоҳир ме шавад
Ҳарчӣ коҳед аз бадан , афзуд бар ҷонам чу шамъ
Бас ки гоҳ диданаши дуздами сар аз даҳшат ба ҷайб
Кас надонад ҳалқаи чашм аз гиребонам чу шамъ