Наёфт мансаби парвонаи чароғами шамъ
Шабӣ накард дарин кулба , кори доғами шамъ
зи акси гул , дару девор дар чироғон аст
Шаб аз барои чаҳ орад касе ба боғами шамъ
Барои онкӣ ба парвона нисбатӣ дорам
Ба сад далел кунад ҳар тарафи суроғами шамъ
зи рашки шуълау парвонаи доғам ва ҳар шаб
Буд фатилаи равшан , барои доғами шамъ
Нахурдаанд ҳарифони базм бар табъам
зи ҳарзаи сӯзӣ худ карда бе димоғами шамъ
Чароғи маҷлиси ман то зи нур талъат кист ?
Ки ошиқаст чу парвона , бар чароғами шамъ