Дилами баҳри қафас парвоз мекард , аз чаман рафтам

Фурӯ нагирифт дар ғурбати дилам , сӯй ватан рафтам

Ба ҳиҷру васли ин гулшан , накардам навбари шодӣ

Чу ғунчаи тнгдли зодам , чу гули хунин кафан рафтам

зи хомиҳои ман эй шамъ агар афсурда шуд маҷлис

Ту биншин бо ҳарифон гарм кун суҳбат , ки ман рафтам

Малолӣ буд агар аз бӯданам дар хотири ёрон

Бишорати боди эшонро , ки ман зин анҷуман рафтам

Ба ҳасрат бо лаби хушк аз канори ҷӯии баргаштам

зи гулшани ноумед аз ҷилваи сарв ва саман рафтам

Надорад ҷузи лаби ҳасрат гузидани баҳрае ошиқ

Ба ҳасрати умрҳо дунболи он себ зқн рафтам

Надидам дар чамани он гул ки ман май хостами қудсӣ

Бишорати боди мурғони чаманро каз чаман рафтам