Тугар бар ман кашидӣ теғ , ман ҳам ҷон фидо кардам

Ба қадари вусъи худ дайни муҳаббатро адо кардам

Насими шавқи гӯ зойеъ магардон буии пероҳан

Ки ман чун шамъ аз хокистари худ тўтё кардам

зи гулшан гул начедам то ниҳодами доғи ғам бар дил

з май лиззати набардам то ба хӯни лаб ошно кардам

Ниҳол бе ғамии ҷузи миваи ҳасрат наме орад

Надидам рӯзи хуш то домани ғамро раҳо кардам

Фиреби улфати худ оҷизам дорад , наме донам

Ки бо бегона , бози ин ошноӣ аз куҷо кардам

зи чарх озурда будам , рухсати оҳӣ ба дил додам

Чаҳ сайли шуълае дар кори ин мушт гё кардам

зи роҳ каъбаам монеъи ҳавоӣ дайр шуд қудсӣ

зи шавқи саҷдаи бут , тоъати ҳақро қазо кардам