Чун ғунчаи биҷузи парда дил нест паноҳам
Чун лолаи нзрёФтаҳи бахти сиёҳам
Ҳар уқда ки пеш оварадам ишқ , далел аст
Чун ашки баради обилаи пой , ба роҳам
Шодам ки шаби ҳиҷри ту чун шамъи зи миқроз
Нагусаста зи барҳам задани дида , нигоҳам
Чун субҳи дувум , бо ҳамаи каси софи замирам
Ҳаргиз нашавад оинае тираи зи оҳам
Аз рашк ба дил санг занад хонаи каъба
То хона сияҳ карда он чашми сиёҳам
Аз дӯстӣ шуъла нигарем , ки мабодо
Чун ҳизум тар бугзарад оташи зи гиёҳам
Маҳрӯмӣам аз васли ту , кас чун ту надонад
Бар тишнагии бодия , Хизраст гувоҳам
Дар чашми ман аз заъфи намояди злмотӣ
Бар фарқ агар соя кунад як пари коҳам
Андохт ба рашкам чу фироқаш ба сар омад
Афканд ба зиндон чу баровард зи чоҳам
Аз гиряи қудсӣ ба Муродӣ нарасидам
Обам накунад тоза , надонам чаҳ гиёҳам