Сар то қадами зи доғи таманно дар оташам
Шохи гулами магар , ки саропо дар оташам ?
То кардаанд нисбати оташ ба хуии дӯст
Ҳарҷо ки оташии сет , ман онҷо дар оташам
Тарсами ғами ту ҷой кунад гарм дар дилӣ
Варна чаро зи гармии дилҳо дар оташам ?
Рухсори Юсуф аз арақ ҳасан даргирифт
Яъне зи рашки ишқи Зулайхо дар оташам
Хоҳам зи табъ шуъла кунам ҷазб сӯхтан
Чун дӯд , азон ҳамеша буд ҷо дар оташам
Чашми терм чу шишаи зи баси хӯни гарми рехт
Аз мавҷи хӯн чу соғари саҳбо дар оташам
Даврам кунад зи хештан аз нанг , чун сапанд
Ҳарчанд афкананд ба ъмдо дар оташам
Бар таври дил , таҷаллӣ ғайрат фиканда нур
Аз сӯзи рашки хоҳиши Мӯсо дар оташам
Рӯй ту дар баробару дили хӯни зи бими ҳиҷр
Мавҷи зулоли Хизрам ва гуё дар оташам
Ҳрдми зи ҷои хештан аз изтироби дил
Қудсии чунон ҷҳм , ки магари по дар оташам