Аз лаъли лабати ҷузи тамаъ хом надорам
Дорам ҳаваси ком , агар ком надорам
Дилро ба хаёл аз ту тасаллӣ натавон кард
Башитоб ки ман тоқат пайғом надорам
Туркӣ ба нигаҳ карда марои маст , ҳарифон
Маъзӯр ки пурвой май ва ҷом надорам
эй оташи сӯзон , чу сапанди сари оташ
То рӯй туро дидаам ором надорам
Дашномии азу боз кашидам ба дуои ман
Ҳарчанд лабат гуфт ки дашном надорам
Хуш мегузарад хуш , ба парешонеам авқот
То зулф парешон накунӣ , шом надорам
Бар гирди дил аз шавқи таманнои ту гирдам
Дар кӯии тугар ҷо ба дар ва бом надорам
Гаштам ба каманди ту гирифтор чу қудсӣ
Пурвои гирифторӣ айём надорам