Шаб ки бе рӯй ту аз ашк дамодам сӯхтем

Сӯхтем афзӯни з ҳар шамъӣ , агар кам сӯхтем

Мо асирони муҳаббат , шоми ғам , чун тори шамъ

Сар бурун кардем аз як ҷайб ва бо ҳам сӯхтем

Оби чашми ман шаби ҳиҷрон кам аз оташ набӯд

То ба нақши по , чу шамъ аз чашми пар нам сӯхтем

Моу дил дар ошиқӣ бо ҳам нагаштем ошно

Пеши ҳам будем ва бар танҳоӣ ҳам сӯхтем