Ба ошнои чашми ту нотавон шуда ам
Чу мӯи заъифи зи савдои он миён шуда ам
Халида дар хами зулфи ту нохунаш ба дилам
Манеҳ зи даст , ки бо шонаи ҳамзабон шуда ам
зи чоки синаи нафас боядам кашид чу субҳ
Бибин зи ҳиҷри ту имшаб чаҳ нотавон шуда ам
Ҳумои дубора ба ман сар фурӯ наме оварад
Азон чу шамъи саропои як устихон шуда ам
Ҳавои абрам агар шод мекунад , чаҳ аҷаб
Ба офтоби зи меҳри ту бадгумон шуда ам
Ту теғи зан , ки ман аз шикваи лаб наме бандам
Чу хомагар ҳамаи тан дар сари забон шуда ам
Ҳамон лабам кунад изҳор бе вафоеи гул
Чу ғунчагар ҳамаи дили уқдаи забон шуда ам
Манам зи қадршиносони гул ки муддат ҳост
Ба боғи рафта ба гулгашту боғбон шуда ам
зи ҳоли хеш фаромӯш кардаам қудсӣ
Дамӣ ба мурғи чамангар ҳам ошён шуда ам