Мо дар субҳи тараб , зи обу гули ғам баста ем
Чун кудурат , хешро бар шоми мотам баста ем
Бас ки омад ҷои ашк аз чашми мо хӯни ҷигар
Тӯҳмати тӯфони хӯн бар чашми пари нам баста ем
Дар ҳарими дарди ишқи мо , касеро бор нест
Мо зи рашки ин дар ба рӯй ҳар ду олам баста ем
То нагардад ёрбӣ дар дафъи дарди мо баланд
Роҳи гардунро шаб аз оҳи дамодам баста ем
Мо чу қудсӣ моя дардем , роҳати ори мост
Бештар бар захми хеш аз машк , марҳам баста ем