Қисмати нигар ки нӯшам , май аз аёғи мардум

Сӯзад ба маҷлиси мо , шабҳо чароғи мардум

Дониста то диламро , сӯзад ба доғи ҳасрат

Ҳар лаҳза ояд аз ман пурсади суроғи мардум

Чун гул намонда бар тан , аз доғи ҷои доғам

Сӯзади магари азин пас , ишқам ба доғи мардум

Дар ҳифз нола кӯшам , то дардисар набенанд

Бар худ ҷафои писандам , баҳри фироқи мардум

Аз дидаҳо аҷаб нест , дузданд агар зи дили хӯн

Чинанд кӯдакони гул , пинҳони зи боғи мардум

Ҳарҷо дилӣ фурӯзад , бар ҳол мо бисӯзад

Гардад зи шишаи мо , пар май аёғи мардум

Ҳарчанд масти ишқӣ , қудсии чунон нрқсӣ

Каз боди остинат , мерад чароғи мардум