Бар сари кӯии ту умрӣ шуд ки мо афтода ем

Дасту по гум карда ва дар дасту по афтода ем

Завқи суҳбатро ғанимати дон , вагарна чун мижа

То гушойии дидаро , аз ҳам ҷудо афтода ем

Сӯии муштоқон наме оради насими перҳан

Чанд рӯзӣ шуд ки аз чашми сабо афтода ем

Бас ки ғам хӯрдем , дар олами ғам дигар намонад

Гўиё барқем ва дар дашти гё афтода ем

Шеваи бегонагиро ҳам намедонад ки чист

Умрҳо дунболи он ноошно афтода ем