Ман тираи дилу нуровашони шуълаи оҳам
Дорад шаби маҳтоби зи пай , рӯзи сиёҳам
Ғам мекашадам , хоҳи ватан , хоҳи ғарибӣ
Ҳарҷо ки рӯм , рӯзӣ барқаст гиёҳам
Бар ҳар сари роҳӣ ки ту як бори гузаштӣ
Чун нақши қадам , то ба абади чашм ба роҳам
Рӯзӣ ки маро рафт сари зулфи ту аз даст
Хандид фалак бар ман ва бар бахти сиёҳам
Бар ҳарчӣ фикандам назар , олӯда ба хӯн шуд
Хӯни гашти зи ҳамхонагии ашк , нигоҳам
Қудсии манам он кофари осӣ ки ба дӯзах
Оташи арақ олӯда шуд аз шарми гуноҳам