Аз азали куштаи он тарзи нигоҳ омада ем

Сад гиреҳ дар дил азон зулфи сиёҳ омада ем

Бар сари кӯии ту ҳар субҳ чу ойӣнаи меҳр

Ҳамаи тани чашм шудаи маҳзи нигоҳ омада ем

Мӯсо водӣ ишқем ки то таври висол

Ҳамаи ҷо бо мадади шуълаи оҳ омада ем

Бегунаҳ бар тани мо як сар мӯ нест , магар

Хуй афвем ки хоҳони гуноҳ омадаем ?

Аз мусӣбати кодаи ҳиҷр ба умеди наҷот

Ба дар каъбаи васлат ба паноҳ омада ем

Бар сари чашмаи ҳайвони ту эй кавсари лутф

Ба сад умед , чу лаби ташнаи гиёҳ омада ем

Ҳамчуи қудсӣ ба тавофи ҳарами каъбаи ишқ

Сари қадами сохтаи сад марҳалаи роҳ омада ем