То офарини шаст ту гуяд забони захм
Пайкони забон хеш кунад дар даҳони захм
Як дами бимон чу захм задӣ , то ки бишинавӣ
Таҳсини теғи худ зи лаб хӯн фишон захм
Ҷинси ҷафо касе нстонд ба ним ҷӯ
Ҷое ки теғи ёри кушояди дукони захм
Баси гарми шукри гуфтани бозуӣ қотил аст
Тарсам ки теғ , об шавад дар даҳони захм
Дилро пар аз захира лиззат кунад канор
Ғлтд чу ним бсмли ту дар миёни захм
Захми хаданги ишқ чу дармон пазир нест
Беҳуда , эй Масеҳ макун имтиҳони захм
Қудсии дилами шикоф шикофаст дар дарун
Бар сина гарчи нест зи беруни нишони захм