То шуд забони гиреҳ чу ҷарас , бар фиғон задем

Гуё барои нолаи гиреҳ бар забон задем

Ранги шикаста , фоли муҳаббат буд , азон

Хирман чу гул ба нияти бод хазон задем

Аз ҳар сиррӣ , чу кӯҳ , садое баланд шуд

Ангушти шиква бар лаби кун ва макон задем

Ғайр аз ҳадиси мутриб ва май ҳарчӣ хонда шуд

Дар ҳолати мутолиааш бар карон задем

То дигарон ҳунар нишморанд айби мо

Доман ба айби ҷӯии худ бар миён задем

Дар кӯии ёр , умр ба афсона сар шуд

То қуфли хоб бар мижа посбон задем

Ҳаргиз ба ишқ , нолаи мо ин асар надошт

Тирӣ чу кӯдакон ба ғалат бар нишон задем

Шасти оби дидаи нақши иморати зи рӯзгор

Нақш дигар бар оби дарин хокдон задем

Хӯрдем бодаи куҳан аз дасти нўхтӣ

Оташи зи рашк дар дили пер ва ҷавон задем

Қудсии з бе нишонеи худ чун занем лоф ?

Бар синаи меҳри доғи зи баҳр нишон задем