Дар хӯни дил аз дида хўнбор нишастем

Чун дида ба хӯн аз ғам дилдор нишастем

Зон пеш ки паргор кашад доираи ишқ

Дар доира чун нуқта паргор нишастем

Як бор агар аз чаманӣ бе ту гузаштем

Ҳргом чу гул бар сари сад хор нишастем

Дар ишқи зи мо акс дар ойӣна науфтад

Аз гирди ҳаваси бас ки сбкбор нишастем

Ҳар чоки зи дил , матлаъи хуршед дигар шуд

Ҳарҷо ки ба ёди ту шаб тор нишастем

Ҳаргоҳ ки рафтем ба ёди ту ба гулзор

Паҳлавии гулу лола ба сад ор нишастем

Шоиста гулзор набудем чу булбул

Бар шуъла чу парвона сазовор нишастем

Дар ҳалқаи аҳли ҳараму дайр чу қудсӣ

Шоистатар аз сбҳаҳ ва зуннор нишастем