зи бас ки душмани назораи парешонам
Чу шамъ гашта ба як ҷои ҷамъ , мижгонам
Нашуд зи сайли сиришками хароб , кӯй батон
Амини киштии Нӯҳам , агарчӣ тӯфонам
зи ишқ , робитаам нгслд ба мурдани ҳам
Гувоҳи даъвии ман бас , бақои паймонам
Шудам ба духтан чокҳои сина , ризо
Ки ҳеҷ каси набарди пай ба доғи пинҳонам
Ба ғайр , васли ту дидан чунон буд душвор
Ки тарки васли намояд ба ғояти осонам
Фарохи рӯзии ғамро зи тнгсол чаҳ ғам ?
Ҳамеша неъмат ғам ҳозираст бар хонам
Чу шуъла дар баданами хӯн ҳамеша май рақсад
зи шавқ онкӣ кунад ғамзаи ту қурбонам
Чунон гирифтаи дили ҳамдамони зи суҳбати ман
Ки ғунча гашта , гули чида , дар гиребонам