Чарх чун киштӣ равад бар рӯй об аз чашми ман
Хонаи номӯс тӯфон шуд хароб аз чашми ман
Бас ки аз дидори худ маҳрӯм мехоҳад маро
Бугзарад шабҳо хаёлаш дар ниқоб аз чашми ман
Шуълаи хӯн олӯда ояд аз дили ахгари бурун
Гар ба рӯй оташ афшонанд об аз чашми ман
Гар на савдои гул рӯй ту май пухтам , чаро
Дӯш меомад ба ҷои хӯн , гулоб аз чашми ман ?
Рӯзу шаб рӯй ту дорам дар назар , набӯд аҷаб
Гар ки ҷои ашки резади офтоб аз чашми ман
Дидаи пурхӯн бурун ояд ба ҷои гули зи шох
Гар ба гулшан қатра ифшоанд саҳоб аз чашми ман
Гиря ам шуд монеъи назора , рӯзи васли ҳам
То ба кӣ назора бошад дар азоб аз чашми ман ?
Гар кунам қудсӣ дар оташи ҷой бо ин ашки гарм
Шуъла гардад дар дили ахгари кабоб аз чашми ман