Хамӯш мекунад далери тамошои моҳи ман

Ман баъд , чашми оинау дӯди оҳи ман

То чашм боз мекунам , аз пеши рафта Эй

Чун шамъ , кош бар мижа будӣ нигоҳи ман

Кӯтоҳ беҳтараст шаб ноумедӣ ам

Магушо гиреҳи зи турраи бахти сиёҳи ман

Дар дидаам з рӯй ту оташ фитода аст

Равшан шавад чароғи зи тоби нигоҳи ман

Норустаи зард буд марои сабзаи умед

Рангӣ набарда боди хазон аз гиёҳи ман

Қудсӣ , насими боғча ноумедӣ ам

Бар гулшани умед , науфтода роҳи ман