Ман намегӯям ба чашмам на қадам , ё бар замин
Чашми ман фаршаст ҳарҷо менаҳй по бар замин
Киштии чашмтар ман буд бо дарёи қадар
Ашк зӯр оварад , омад пушти дарё бар замин
Зери пой ошиқон бошад замину осмон
Ишқро як пой бар аршаст ва як по бар замин
Ҷои бргрдўн буд афтодагони ишқ ро
Ман ҳам аз афтодагони ишқам , аммо бар замин
Умрҳо шуд киштии ман бо накӯён ошност
Дили зи даст ҳар яке афтодаи сад ҷо бар замин