намешавад ҳар дами парешони зулф бар рухсор ӯ

Каз парешони хотирӣ ёдаш диҳад ҳар тор ӯ

Аз биёбони муҳаббат срсрӣ магзар чу бод

Каз гиребони гули дамад , доман чу гирад хор ӯ

Бар сари кӯяши масеҳои тан ба беморӣ диҳад

То кунад чун нотавонони такя бар девор ӯ

Боғи умеди маро тарсам намонад мива Эй

Ноумедӣ чанд созад рахна дар девор ӯ ?

Хишти хишти хонаи гулро сабо бар бод дод

Бо вуҷӯди онкии умрӣ буд худ меъмор ӯ

Дар миёни ханда , чашми гули з шабнам шуд пари об

Субҳдам чун кард булбули нолае дар кор ӯ