Ҷон чист каш фидо накунам аз барои ту ?

Хокам ба сар агар накунам ҷони фидои ту

Пинҳони зи ғайр , шаби ҳамаи шаб бо чароғи чашм

Дар кӯчаи ту май талабами нақши пои ту

Парво намекунӣ ва ман аз нолаҳои шаб

Пар карда гӯши чархи зи дасти ҷафои ту

Дил май барӣу фикр асирон наме кунӣ

Бечораи он касе ки шавад мубталои ту

Дӯш аз ту буии меҳр ва вафое шунида ам

Гирди сари ту гирдаму меҳру вафои ту