Ба дили ғамӣ чу надорӣ , ба сина доғ манеҳ

Туро ки баста буд дар , ба раҳ чароғ манеҳ

Васиятами шаби риҳлат ба май фуруши ин буд

Ки ҷузи пиёла ба болини ман чароғ манеҳ

Марои зи гулшани ҷони атр перҳан бархест

Насими гӯ ба серуми миннат суроғ манеҳ

Ғамам чу тоза накардӣ , ба роҳатами мФриб

Чу нохунӣ наздӣ , пунбаам ба доғ манеҳ

Баҳор омаду булбул ба нола ме гуяд

Ки бепиёла чу наргиси қадам ба боғ манеҳ

Ба бода даст мабар , ё ҳамеша бихўд бош

Қробаҳро башикан , ё зи каф аёғ манеҳ

Ба шукри қурб , мазан таънаи даври гардон ро

Чу андалеб шудӣ , дасти рад ба зоғ манеҳ