Ошиқӣ , бар бистари осӯдагӣ паҳлу манеҳ
Такяи зан бар шуъла дар гулхан , ба гулшан рӯ манеҳ
Заҳр агар бар лаб наҳй , чун мебануш ва дам мазан
Теғ агар бар сар наҳй , сар бар сар зону манеҳ
Бар миёни зуннори ҷуз аз зулф тарсоён мабанд
Тавқ бар гардан ба ғайр аз ҳалқа гесу манеҳ
Кӣ хабар дорад зи завқи ошиқии он кас ки гуфт
Дил ба печу тоби зулфу ишва абрӯ манеҳ
Ишқ агар хоҳӣ дило хӯни хури ниҳон ва дам мазан
Ҳамчуи қудсии достонӣ бар сар ҳар кӯ манеҳ