Гар чу шамъ оташ барояд аз гиребон касе
Ба ки бошад гарданаш бе тавқи фармон касе
Маъзират хоҳам , надонам , ё кунам даъвои хӯн
Гар расад рӯзи ҷазои дастам ба домон касе
Кӯи ҷунун то панҷаам қайди гиребони бугсалад ?
Перҳан то кӣ буд чун ғунчаи зиндон касе ?
Абрро нашунидаам ҳаргизи баборади хӯн , магар
Бар гирифтанд остин аз чашми гирён касе ?
Оташи ҷонсӯз , медонам касе ғайр ту нест
Баҳри он сӯзам чу байнами доғ бар ҷон касе
Аз ҳарифони бештар бар рӯй соқӣ вола аст
Аз қадаҳи тарсам , набошад чашми гирён касе !