Нахезад аз дили мурғони боғ , афғонӣ
Ки нохунӣ назанад бар дили парешоне
Ҳазор уқдаам аз дил ба як хаданг гушӯд
Фурухтам чамании ғунчаро ба пайконе
зи шарми ишқи асири ту об гашта магар ?
Ки шуд зи доми ту ҳар ҳалқа , чашм гарӣоне
Ба ғайри ҷайб даридан надонад , онкӣ буд
Чу шамъ то нафаси охираши гиребонӣ