То чанд аз паии дил шайдо равад касе

Дунбол ӯ накӯаст ки танҳо равад касе

Марҳам талаб мабош чу доғӣ насӯхтӣ

Дасти тиҳӣ чигуна ба савдо равад касе ?

Кас беталаб нарафта , агар дайр , агар ҳарам

Хорӣ кашад , нахонда ба ҳарҷо равад касе

Гирои каманди ту , май орадаш ба зер

Бар боми чарх агар чу масеҳо равад касе

Бигушо зи рухи ниқоб , ки зоҳид нагӯям

Аз раҳ чаро ба зулф чилипо равад касе

эй чашми ношикеб , дамии поси гиряи дор

То кӣ зи баҳр , рӯй ба саҳро равад касе ?

Шояд , ба роҳи каъбаи зи шавқи қадам задан

Чун хор агар дар обила по равад касе