намекунам дар бӯстон бо андалебони шеванӣ

Варна гулро кӣ писанд уфтад навой чун манӣ

То дами мурдани фиғонам дар ҳавои як гул аст

Нестам булбул ки бошам ҳар нафас дар гулшанӣ

Ту накӯномӣ ва ман бадному мардуми айби ҷӯ

Ҳамраҳе айбаст айб , аз чун туе бо чун манӣ

Бихўдм дорад , агар як қатра ,гар як соғараст

Дил чу сӯзад , хоҳ аз як шуъла , хоҳ аз гулханӣ

Сабри онам кӯ , ки шоми ҳиҷри гирами гӯшае ?

Дасти онам кӯ , ки субҳи васли гирами доманӣ ?

Юсуфи ман буии пероҳани з ман дорад дареғ

Пери канъон варна бӯе ёфт аз пероҳанӣ