Чизе нашуд маълуми ман аз суҳбати фарзона ҳо
Бар қалб расвоӣ задам зини пас ману девона ҳо
Аз бими сайли ашки ман неку бад рӯй замин
То мардумони чашми худ берун шуданд аз хона ҳо
Гар худ туҳидастам чаҳ шуд дастӣ надорам бар фалак
Чшку дили ман пар буд ганҷаст дар вайрона ҳо
Аз гуфтугӯии ин ва он то кӣ фурӯрафтан тавон
Мардуми зи ғифлат то ба кӣ хоби оради ин афсона ҳо
эй соқии равшандилони бозо ки аҳли базм ро
Гардид қолабҳо тиҳӣ пар шуд зи хӯни паймона ҳо
Мурғони ин бустони сарои ром ва асиранд аз азал
Сайёди гӯи миннати макаш аз домҳоу дона ҳо
Нохун ба дил ҳо мезананд аз турраҳои маҳвашон
Шояд агар соҳиби дилон мамнӯн шаванд аз шона ҳо
Бар гирди шамъи оризат эй қиблаи рӯҳонӣон
Хайли малик пар мезананд аз шавқ чун парвона ҳо
Қудсии зи баҳри дӯстӣ , ҳаркас тараддуд ме кунад
Ман ҳам паии парвонае гирдам дар ин кошона ҳо