Куҷо дар ғурбатами як ҳамдам дерин шавад пайдо ?

Ба ҷузи шамъам ки гоҳе бар сар болин шавад пайдо

Ба гӯши мунсифони кофӣ буд соҳиби табиат ро

Агар дар сад ғазали як мисра рангин шавад пайдо

Қиёмат бошад он рӯзӣ ки хуршед ванигор ман

зи як сӯ он шавад толеъи зи як сӯ ин шавад пайдо

Агар аз тешаи Фарҳоди каси ойӣна Эй созад

Аҷаб дорам дар он ҷузи сӯрат ширин шавад пайдо

Парешони зулф ва май дар дасту мижгон бар сари шухӣ

Киро монад ба ҷои дайн чун ба ин ойин шавад пайдо ?