Маншури хизмати ту рақам шуд ба номи мо
Афканди сояи мурғи саодат ба боми мо
Хуш бар мурод ҳар ду ҷаҳон даст ёфтем
Комаш барояд онкӣ баровард коми мо
Миннатпазир шамъ чу парвона нестем
Аз меҳри ту ба субҳ бадал гашта шоми мо
Холӣ мабод аз май тавфиқи соғараш
Пар кард онкӣ аз май умеди ҷоми мо
Бошад тамоми наъти нисбӣу санои ол
Мадҳ касе дигар набӯд дар каломи мо