Агарчӣ хизмат масҷид нашуд ҳаволаи мо

Чароғи майкада равшан шуд аз пиёлаи мо

Ба санги хора чаҳ мекард бозуии Фарҳод

намегушӯд агар роҳи тешаи нолаи мо

зи акси чеҳраи мо зард шуд рақами вар на

Ба об зар нанависад касе рисолаи мо

Чу косае ки ба он май зи хами буруни оранд

Ба май даруну бурун шаста шуд пиёлаи мо

Ҳадиси мухтасари аввалии сети вар на чун қудсӣ

Ҳазор шарҳ фузун дошт ҳар мақолаи мо