Ҳаркии имшаб май наме нӯшад ба мо мансӯб нест
Порсо дар ҳалқаи мисатони нишастан хуб нест
Дар чунин фаслӣ ки булбули масту гулшан пургул аст
Гар ҳама паймона умраст холӣ хуб нест
Сарнавиштамро қазо аз бас парешон зад рақам
Ҳарки хондаш гуфт мазмунии дарин мактуб нест
Коми ҷӯёни рашк бар ҳол Зулайхо ме баранд
Чашми мо ҷуз дар қафои гиря ёқӯб нест
Дар биёбони таманно ҳар қадами девонаи ист
Лек маҷнӯни ту бӯдани кор ҳар маҷзӯб нест
Ибтилои ишқро мапаснд ҷуз бар ҷони ман
Дар бало ҳар ҷўркшро тоқат Айюб нест
Нақши чашми хеш бар боли кабӯтар май кашам
Толиби дидорро зини хубтар мактуб нест
То аз дили хӯни пар буд магузор холии дида ро
Шиша то пар май буд паймонаи холӣ хуб нест
Аз сари кӯии ту қудсии сӯии гулшан кӣ равад ?
Ҷилваи сарву саман чун ҷилва маҳбӯб нест