Табъами зи бода чун гули сероб равшан аст

Ойӣна манаст ки аз об равшан аст

Рафтӣ зи дида лек нарафтӣ зи дили бурун

Ман тираи рӯзу хонаи зи маҳтоб равшан аст

Бо онкӣ дар чароғи ду олам намонда нур

Оташ ҳануз дар дили аҳбоб равшан аст

Ҷузи куштан орзӯ набӯд гӯсфанд ро

Мазмуни ин зи ханҷари қассоб равшан аст

Дар ишқ , нафии ақли ҳамин мо накарда ем

Чандини ҳазор нукта дар ин боб равшан аст

Май даҳ ки чун суроҳеу соғар дар анҷуман

Чашму дилам ба нур май ноб равшан аст

Нагузоштанд бар дар бути хона ки имшабам

Фонӯси дил ба гӯшаи миҳроб равшан аст

То субҳдам ба роҳи хаёл батон маро

Шаб чун чароғи дида бехоб равшан аст

Ҳарфи дурӯғи сабри з қудсӣ макун қабул

Косори сабраш аз дил бетоб равшан аст