Ба гиряи саҳару оҳи шаб дилам шодаст

Чу гул ки тозаи зи обу шукуфта аз бодаст

Фусурдагӣ ба дили булҳаваси мёмўзид

Ки мурда дар равиш орамидан устод аст

Хаёли зулф ту нанашаста ҳаргиз аз парвоз

Магӯ ки мурғи ҳавои зи қайд озод аст

Чу таркиши ту зи пайкони парасти дидаи ман

Нимгар оинаи чашмам чаро з фӯлодаст ?

Чу ғунчаи сар ба гиребон кашад ҳамеша зи шарм

Касе ки гарданаш аз қайди ишқ озод аст

Нашуд зи силсилаи мо буруни гирифторӣ

Дарин қабӣлаи магари ишқ вақф авлодаст