Навой ман чу зи сад парда бар як оҳанг аст

Чаҳ шуд ки ғунчаи сад барг ӯ ба сад ранг аст

з кӯдакон накунад мурғи рӯҳи маҷнӯни Ром

Ҳануз дар дили девонаи ҳасрат санг аст

Азон чу шуъла ба якбор дар гирифтаи дилам

Ки то ба гардани шамъ аз фусурдагӣ нанг аст

Садои тешаи Фарҳоди базми ширин ро

Ба аз таронаи Довӯду нағма чанг аст

Ба оби дидаи чунон ранг дода хӯни дилам

Ки хӯни дил ба кафат чун ҳиноӣ беранг аст

Агар ғалат накунам гӯши сӯй ман дорад

Ки пайк нолаам имрӯзи сайр оҳанг аст

Чунон зи нисбати зулфат ба шоми тираи хушам

Ки нури субҳ бар ойӣнаи дилам занг аст

Ба булбулони чамани ноз агар кунад шояд

Сабо ки домани барги гуляш дар чанг аст

Паии фиреби ту қудсӣ ба ҷилва ҳоҷат нест

Киришмаи нигаҳашро ҳазор найранг аст